Равад
Эй дӯст, бар ҷанозаи душман чу бигзарӣ,
Шодӣ макун, ки бар ту ҳам ин моҷаро равад.
Доманкашон, ки меравад имрӯз бар замин,
Фардо ғубори колбадаш дар ҳаво равад.
Хокат дар устухон равад, эй нафси шӯхчашм,
Монанди сурмадон, ки дар ӯ тӯтиё равад.
Дунё ҳарифи сифлаю маъшуқи бевафост,
Чун меравад, ҳароина бигзор, то равад.
Ин аст ҳоли тан, ки ту бинӣ ба зери хок,
То ҷони нозанин, ки барояд куҷо равад.
Бар соябони ҳусни амал эътимод нест,
Саъдӣ, магар ба сояи лутфи Худо равад.
Ё Раб, магир бандаи мискину даст гир,
К-аз ту карам барояду бар мо хато равад.
Саъдии Шерозӣ
- بازدید: 1270