Пайванд
Аз азал то ба абад қисмати ман Эрон аст
Ки нишонаш пари симурғу дили шерон аст
Ҳама гӯянд, ки Эрон чӣ бузург аст, бузург
Ин ҳама дар сухану дар хиради пирон аст
То абад душманат эй кишвари зебо ҳатто
Аз баландии мақоми ту басе ҳайрон аст
Бахти бад бин, ки миёни туву ман фосилаҳост
Тахти Сомону Қубоди ману ту Эрон аст
Дӯстам қимати ҳамбастиву ҳамдастӣ дон
Ки ҳамин рӯзии мо аз фалаку даврон аст
Раҳи меҳри ману ту мегузарад аз роҳе
К-аз Бухорову Душанбе ба дили Теҳрон аст
Меҳмон Бахтӣ
Аз соқа то садр, саҳ.505-506
- بازدید: 1274