Эй Расуле, ки номи зебоят

Ҳамчу гулҳо шукуфта бар лабҳо
Қиссаҳои пур аз муҳаббати ту
Беҳтарин қиссаҳои ҳар шаби мо

Эй паёмовари ҳидояту ҳақ
Анбиёро зи ҳақ ту хотимаӣ
Пешвои адолату сулҳӣ
Меҳрубониву раҳбари ҳамаӣ

Офтоби ҳамеша тобонӣ
Равшанибахши чашми дунёӣ
Соябони умеду соҳили меҳр
Орзуи тамоми дилҳоӣ

Номи покат Муҳаммаду Аҳмад
Ҳаст ахлоқи ту бузург басе
Ишқи ту баҳри мӯъминон ҷорист
То бувад дар вуҷудашон нафасе

Ман салому дуруди Яздонро
Бар туву Оли ту басе хоҳам
Пайравият саодатам бошад
Дину имони ҳақ бувад роҳам

Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст