Сарвари мо пешвову раҳмате бар оламин
Эй сафирони аламдори ҳидоятро нигин

Роҳи ту роҳи Худо нур асту аз зулмат ҷудо
Офтоби оламоро пешвои муттақин

Эй умеди ҷумла уммат шофеъи рӯзи ҷазо
Дасти раҳмат боз кун то васли фирдавси барин

Шавкату нусрат зи ҳақ зебандаи шаъни ту шуд
Баҳри иблоғи рисолат ходимат Рӯҳуламин

Пайравият зомини оромиши қалби ман аст
Варна шайтону ҳавои нафс бошад дар камин

Орзуманду гадои даргаҳи кӯи туем
То ба гарди хоки пои ту бигардем ҳамнишин

Ҳаст ҷавлонгоҳи ту мулку малоик нотавон
То ҳузури воҳиди қодир туро бошад қарин

Гашт бо як нимнигоҳи ту маҳи тобон ду ним
Бар забон омад ба тасдиқи ту мавҷуди замин

Қудрати Яздон туро ҳофиз ба тори анкабут
То қиёмат ҳаст эъҷози ту Қуръон мубин

Субҳи содиқ ваъдааш Қуръони нотиқ ҳамраҳаш
То фурӯ резад ба изни ҳақ бисоти куфру кин

Беадад бар ту дуруду раҳмати ҳақ то абад
Аҳмаду Маҳмуди ҳақ эй номдори нозанин

Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст