Муҳаммад сарвари пайғамбарон аст,

Паёму оини ӯ ҷовидон аст.
Сафири сулҳу ваҳдат дар замин аст,
Чу шамси ҳастӣ андар осмон аст.
Ситоиш карда ӯро Ҳақ таоло,
Ки ӯ соҳиб ба хулқи бекарон аст.
Зи Қуръони Ҳаким васфаш бихонем,
Ки улгӯи накӯи мӯъминон аст.
Қабули дини ӯ ҳар, ки намояд,
Ба лутфу раҳмати ҳақ дар амон аст.
Худо чун хост то рӯзи қиёмат,
Ҳамеша номи ӯ вирди забон аст.
Намуд эъто Худо кавсар барояш,
Ки абтар дар ҳақиқат хасми он аст.
Чӣ гӯям васфи он соҳибкамолро,
Худо ӯро санохони ҷаҳон аст.
Бихоҳад Шаҳридин тавфиқ аз ҳақ,
Ки бошад пайраваш то он, ки ҷон аст
Шаҳриёр
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст