Биё, эй сайқали дилу ҷон!
Биё, ки оинаи рӯзгор зангорист
Биё, ки захми забонҳои дӯстон корист
Ба интизор нишастан дар ин замонаи яъс
Барои мунтазирон чора нест ночорист
Ба мо маханд агар шеърҳои соддаи мо
Қабули табъи шумо нест кӯча- бозорист
Чӣ қобҳову чӣ тандисҳои заррине
Гирифтаем ба номат, ки кунҷи анборист
Наёмадӣ, ки ҳам хишти хом метобид
Кунун биё, ки биноҳоямон тилокорист
Ба ин хушем, ки як шаб ба номатон шодем
Тамоми сол агар корамон азодорист
На ин, ки ҷумъа фақат субҳи зуд бедоранд
Ки кори мунтазиронат ҳамеша бедорист
Ба қавли хоҷаи мо дар ҳавои турраи ту
«Чӣ ҷои дам задани нофаҳои тоторист»
Саиди Биёбонакӣ
- بازدید: 1330