Биё меҳрубони ман!
Дилгирам аз замона биё меҳрубони ман
Бар лаб расида аз ғами айём, ҷони ман
Дунё маро ба банди асорат кашидааст
Ранги қафас шуда ҳамаи осмони ман
Умрам ба сар шуду нашудам ончӣ хостӣ
Борони шарм мечакад аз дидагони ман
Ушшоқро ба ранҷу бало озмудаанд
Эй вой агар фироқ бувад имтиҳони ман
Дастам бигир то наравад навкарат зи даст
Ҳиҷрони ту бубин, ки буридаст амони ман
Дар олами хаёл шудам бо ту ҳамсафар
Таъбир шуд агар саҳаре, достони ман
Бо як нигаҳ барои дилам фатҳи боб кун
Гардам фидои ту, зи ту бошад нишони ман
Юсуфи Раҳимӣ
- بازدید: 1283