Нозанини гулшани боғи вуҷуд

Қалби моро рухи моҳи ту рабуд

Пеш аз он к-аз халқ зикри ном бод

Лутфи Ҳақ нури туро оварда буд

Чун малак фазлу камолатро бидид

Пеши ту овард бо амри Ҳақ суҷуд

Меҳри ту ганҷи гаронқимат бувад

Ки маро додаст Худованди вадуд

Баҳри дидори ҷамоли моҳи ту

Аз Қаран сӯи Мадина пар кушуд

Ҳастӣ Қуръони муҷассам, эй ҳабиб

Бандаи Ҳақ дар қиёмиву суҷуд

Бо саломеву дуруд аз баҳри ту

Зангҳои қалби худ бояд зудуд

Зикри Ҳақ Аҳмад-Муҳаммад гӯядат

Ҳам санои васфи ту бояд сутуд
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст