Панди нафас
Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад,
Гумон мабар, ки маро майли ин ҷаҳон бошад.
Барои ман ту магирю магӯ дареғ дареғ
Ба доми дев дарафти дареғ он бошад.
Ҷанозаам чу бубинӣ магӯ фироқ-фироқ
Маро висолу мулоқот он замон бошад.
Маро ба гур супорӣ магӯ видоъ-видоъ
Ки гур пардаи арвоҳи боқиён бошад.
Фуру шудан чу бидидӣ баромадан бингар
Ғуруби шамсу қамарро куҷо зиён бошад.
Туро ғуруб намояд, вале шуруқ бувад
Лаҳад чу ҳабс намояд халоси ҷон бошад.
Кадом дона фурӯ рафт дар замин, ки наруст
Чаро ба донаи одам ҳамин гумон бошад.
Кадом далв фуру рафту пур бурун н-омад
Зи чоҳ Юсуфи ҷонро куҷо зиён бошад.
Даҳон чу бастӣ аз ин сӯй он тараф бикшо
Ки ҳою ҳуйи ту дар авҷи ло макон бошад.
Мавлоно Балхӣ
- بازدید: 1168