Дар фироқи офтоб
Моро, ки ғайри доғи ғамат бар ҷабин набуд
Нагзашт лаҳзае, ки дили мо ғамин набуд
Ҳарчанд осмон ба сабурӣ чу мо надид
Моро ғаме набуд, ки андар камин набуд
Роҳе агар надошт ба озодиву умед
Ранҷи асорат, ин ҳама шӯрофарин набуд
Эй офтоби маҳмили Зайнаб касе чу ман
Аз хирмани зиёрати ту хӯшачин набуд
Тақдир бо сари ту маро ҳамсафар набуд
Дар ин сафар муқаддари ман ғайр аз ин набуд
Гар аз нигоҳи гарми ту оташ намегирифт
дар Шому Куфа, хутбаи ман оташин набуд
Дар ҳайратам, ки бе ту чаро зиндаам ҳанӯз
Аҳде, ки бо ту бастам аз аввал, чунин набуд
Даҳрӯзаи фироқи ту умре ба мо гузашт
Як умр буд ҳиҷри ту, як арбаин набуд
Муҳаммадҷаводи Ғафурзода
- بازدید: 1252