Бинозам он ки доим гуфтугӯи Карбало дорад
Дили чун Ҷобир андар ҷустуҷӯи Карбало дорад

Дилаш чун Карбало кӯи Ҳусайн асту намедонад
Ки ҳамчун дӯрдастон орзуи Карбало дорад

Ба ёди корвони Арбаин бо гиря мегӯяд
Ба ҳар ҷо ҳаст Зайнаб рӯ ба сӯи Карбало дорад

Агарчӣ бурда аз ин сарзамин охир дили пурхун
Вале дилбастагӣ аз ҷон ба кӯи Карбало дорад

Ба ёди он лаби ташна ҳанӯз ин ошиқи хаста
Ба каф ҷоми лаболаб аз сабӯи Карбало дорад

Агар дасти қазо монеъ шуд аз рафтан ба побӯсаш
Ҳама бӯсем хокеро, ки бӯи Карбало дорад...
Нигоранда
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст