Ғарқи азо
Замину осмон ғарқи азоянд
Ба ёди куштагони Карбалоянд
Бигирйед, эй мусулмонон, бигирйед
Ки мурғони ҳаво ҳам дар навоянд
Гиребон чок карда аҳли Ислом
Ба хоки поки онон ҷабҳа соянд
Ҳусайну Акбару Аббосу Қосим
Ки моро дар дилу дар дида ҷоянд
Ба теғи хасм агарчи кушта гаштанд
Ҳамеша зиндаанд дар қалби моянд
Дубора рӯзи “Ошуро”-ст имрӯз
Бигӯ мастони раббонӣ биёянд
Бигӯ то дасти моро ҳам бигиранд
Ҳамононе, ки аҳли кибриёянд!
Дубора маҳшари кубро аст имрӯз
Замину осмон ғарқи азоянд.
Абдуллоҳи Қодирӣ
- بازدید: 1214