Моҳи мунирам!
Дарди дили ноздонаи имом Ҳусейн (а)
Акнун ки наёмад зи сафар моҳи мунирам
Хуб аст, ки дар ин гӯшаи вайрона бимирам
Бо ман назанад ҳарф, касе чунки ятимам
Аз ман накашад ноз касе чунки асирам
Аз зулму ситамҳои шумо бехабарон ман
Тифлам вале аз ғами ҷонона чӣ пирам
Имрӯз ба бинозӣ ту ба ин қудрату шавкат
Ризвони Худо аз сари ихлос бигирам
Дар маҳкамаи адли Худо нагзарам аз ту
Ҳуш дор Худо мекунад он рӯз амирам
Гардидӣ шаҳид дар раҳи маъшуқ падарҷон
Роҳи ту худоист дар ин роҳ бимирам
- بازدید: 1168