Салтанати ҷовид
Гуфт: Эй гурӯҳ ҳар кӣ надорад ҳавои мо
Сар гираду бурун равад аз Карбалои мо
Нодода тан ба хориву нокарда тарки сар
Натвон ниҳод пой ба хилватсарои мо
То дасту рӯ нишаст ба хун, менаёфт кас
Роҳи тавоф бар ҳарами кибриёи мо
Ҳамрози базми мо набувад толибони ҷоҳ
Бегона бояд аз ду ҷаҳон ошнои мо
Баргардад он кӣ бо ҳаваси кишвар омада
Сар новарад ба афсари шоҳӣ гадои мо
Моро ҳавои салтанати мулки дигар аст
К-ин арса нест дархӯри фарри ҳумои мо
Яздони Зулҷалол, ба хилватсарои қудс
Ороста аст базми зиёфат барои мо
Найири Табрезӣ
- بازدید: 1107