ҒАМНОМА
Дарди дили маро на ту донӣ на дигаре
Ғамномаи ҳазин наояд ба боварӣ
Аҳли шаробу бозӣ, қимору фасоду фисқ
Бар ҷоҳилони давр кунад ҳукму сарварӣ
Он зодаи ҷаҳолату нопоку кинатӯз
Оё кунад ба зодаи Заҳро баробарӣ
Нуру зиёи дидаи Яъқуб, пираҳан
Бошад Ҳусайн нури ду чашми паямбарӣ
Дасти ману вилои ту эй сибти Мустафо
Донам ба охират зи шафеони маҳшарӣ
Болат кушо Маънии дин дар ҳарими ӯ
То донае диҳад зи карам бар кабутаре
Дорам умед рӯзи қиёмат зи Зулҷалол
Моро барад ба паҳлуи зебанда раҳбаре
Марҳум Маъниддини Ваҷҳуддин
- بازدید: 1326