Хоҳарат баргашт!
Ало эй Карбало эй маъдани нур
Расида корвоне аз раҳи дур
Нишони қофила аз ашку оҳ аст
Ба маҳмилҳо ҳама ранги сиёҳ аст
Ҳама аз маркаби худ поин биафтанд
Ки танҳо бе шумо бар Шом рафтанд
Шуморо бӯсаҳо зад ханҷари тез
Дар ин дашту биёбони балохез
Ҳама ғамгину бе орому сабре
Бисӯзонанд дил болои қабре
Яке болои қабри Акбар ояд
Ба дидори бародар хоҳар ояд
Яке мӯякунон аз Оли Ҳошим
Канори қабри Абдуллоҳу Қосим
Яке бо як ҷаҳон умеду эҳсос
Занад бар сар канори қабри Аббос
Агарчӣ синаҳо аз ғам кабоб аст
Вале маҳзунтарин қалби Рубоб аст
Ба ҳар сӯ мекашад сар зору музтар
Ки то ёбад нишони қабри Асғар
Худоё, ин ҳама саргашта Зайнаб
Пас аз як арбаин баргашта Зайнаб
Ниҳода сар рӯи қабри Ҳусайнаш
Кунад наҷво ба ин нури ду айнаш
Пас аз ту эй азиҳи пар-пари ман
Худо донад чӣ омад бар сари ман
Пас аз ту ҳурматам бишкаст душман
Пас аз ту дастҳоям баст душман
Пас аз ту бар дилам ханҷар кашиданд
Пас аз ту аз сарам маъҷар кашиданд
Пас аз ту маҷлиси бегона бурданд
Маро дар гӯшаи вайрона бурданд
Дилам ҳамроҳи сар бар найзаат буд
Агарчӣ Зайнабатро кард нобуд
Кунун ман омадам наздат бародар
Гузорам бар сари қабрат кунун сар
Дилам хун аст аз доғи ҷудоӣ
Шавам ором бо ёди худоӣ
- بازدید: 1179