Ман зодаи Алии Муртазоям
Ман шоҳбози мулки "ло фатоям
Фазлу шараф ҳамин бас аз бароям
Ки ходимам ба даргаҳи Ҳусайнӣ
Валлоҳ ин қатътуму яминӣ
Иннӣ уҳомӣ абадан ан динӣ
Хидматгузори зодаи Батулам
Ман боғбони гулшани Расулам
З-афсурдагии гулшанаш малулам
Дорам дили шикаставу ғаминӣ
Валлоҳ ин қатътуму яминӣ
Иннӣ уҳомӣ абадан ан динӣ
Саққои ташнагони бепаноҳам
Душман агарчӣ гашта хори роҳам
Ман як тана ҳарифи ин сипоҳам
Моро ба вақти разм гар бибинӣ
Валлоҳ ин қатътуму яминӣ
Иннӣ уҳомӣ абадан ан динӣ
Истодаам канори об лағзон
Ояму бар обу қалби ман фурӯзон
Дар обу оташам чу шамъи сӯзон
Сӯзам зи хотироти оташинӣ
Валлоҳ ин қатътуму яминӣ
Иннӣ уҳомӣ абадан ан динӣ
Ё Раб, мадад кун ин фарас биронам
В-ин обро ба хаймаҳо расонам
Дигар чӣ ғам, ки баъд аз он намонам
Ҷонам фидои ишқи нозанинӣ
Валлоҳ ин қатътуму яминӣ
Иннӣ уҳомӣ абадан ан динӣ
Дар хоку хун дилам аз ин ғамин аст
Ки аз аташ лаби ту оташин аст
Дастам ҷудо фитода бар замин аст
Дар фарқ ман амуди оҳанинӣ
Валлоҳ ин қатътуму яминӣ
Иннӣ уҳомӣ абадан ан динӣ
Ҳабибуллоҳи Чойчиён