Худоё, сар овардам!
Илоҳӣ баҳри қурбонӣ ба даргоҳат сар овардам
На танҳо сар бароят, балки аз сар беҳтар овардам
Пайи ибқои “қад қомат” ба зӯҳри рӯзи “Ошуро”
Барои гуфтан Аллоҳ акбар, “Акбар” овардам
Барои куштани дунон ба дашти Карбало ё Раб
Чу Аббоси ҳумоюнфар, амири лашкар овардам
Пайи озодӣ насли ҷавон аз банди истеъмор
Бародарзодае чун Қосим фаррухфар овардам
Алиро дар Ғадири хум, набӣ бигрифт рӯи даст
Вале ман рӯи дасти худ, Алии асғар овардам
Агар бо куштани ман дини ту ҷовид мегардад
Барои ханҷари Шимри ситамгар ҳанҷар овардам
Барои он ки Қуръонат нагардад поймоли хасм
Барои сумми мураккабҳо, Худоё, пайкар овардам
Алӣ ангуштари худро ба соил дод, аммо ман
Барои сорбон ангушти боангуштар овардам
Ба поси ҳурмати бӯсидани лабҳои пайғамбар
Лабони ташна ё Раб, баҳри чӯби хайзар овардам
Ҳасанро гар, ки аз лахти ҷигар оканда шуд таште
Ман инак сар барои зинати таште зар овардам
Барои он ки ҳамдардӣ кунам бо модарам Заҳро
Барои хӯрдани силӣ, сесола духтар овардам
Мани Жулида мегӯям: Ҳусейн ибни Алӣ гуфто:
Илоҳӣ, баҳри қурбонӣ ба даргоҳат сар овардам
Жулидаи Нишопурӣ
- بازدید: 1231