Салому дуруд бар ту бод, эй шаҳиди роҳи озодӣ ва озодагӣ ва ризвони Худо, эй Ҳусейн ибни Алӣ!
Найзаро сарвари ман, бистари роҳат кардӣ
Шомро ғулғулаи субҳи қиёмат кардӣ
Ба лаби ташнаат он рӯз ишорат мекард
Хотамеро, ки ба ангушти шаҳодат кардӣ
Ақл мехост бимони ба ҳарам, аммо ишқ
Гуфт бар найза бизан бӯса, иҷобат кардӣ
Бонги “лаббайк”, ки ҳуҷҷоҷ ба лаб меоранд
Ояҳоест, ки бар найза тиловат кардӣ
Акбару Қосиму Аббос, куҷоянд, куҷо?
Ишқ, чун ин ҳамаро бурдиву ғорат кардӣ?
Чист дар ту, ҳама имрӯз туро меҷӯянд
Эй тани бесар сарвар чӣ қиёмат кардӣ!
Боз ман мондаму сад Куфа ғарибӣ, ҳайҳот
Гарчӣ озод маро ту зи асорат кардӣ!
Муҳаммадалии Аҷамӣ