Дубора моҳи азои азизи Заҳро шуд
Дубора ёди мусибат зи Оли Тоҳо шуд
Чӣ рафт бар сари дурдонаи Расули Худо?
Чигуна сайиди аҳли биҳишт танҳо шуд?
Чӣ қадр пасту ҳақиранд шабпарони залум
Чу қурси моҳ сари найзашон ҳувайдо шуд!
Ту сар надорӣ ба тан лек сарварӣ ҷонам
Ҳар он ки дар раҳи маъшуқ рафт боло шуд
Худой хост, ки зибҳи азим шавад қурбон
Ба хуни поки Ҳусейн аст, ки дин эҳё шуд
Ҳамеша нафрату нафрин бар Язиди палид
Ки то абад ба ду олам ҳамеша расво шуд
Ҳар он ки маҳрами ҳақ буд дар Муҳаррам монд
Ба дашти Карбу бало ошиқи сари мо шуд
Саломи аҳли яқин то абад нисори шумо
Ба Зайнабе, ки итоат чӣ қадр зебо шуд
Кунад насиб Худо баҳри мо зиёрати ӯ
Шафоаташ ба ду олам дуои дилҳо шуд
Абдусалом
Шаҳиди Карбало
- بازدید: 1556