Аз сухан оила вайрон мешавад
Кӯдаки бечора сарсон мешавад
То шавад ҷамъе ҷигарҳо хун шавад
Ҷамъи бешамъ зуд парешон мешавад
Ғунчаву гулҳои боғи хонадон
Бо падар-модар гулистон мешавад
Барфу борон, абр чун зоғи сиёҳ
Ҳар чӣ бошад ҳам баҳорон мешавад
Гарчӣ золим масти қудрат комрон
Оқибат рӯзе пушаймон мешавад
Фақр дард асту умеди дардманд
Подшаҳ рӯзе Сулаймон мешавад
Шаҳд меборад зи фикру зикри нек
Бас рақобатҳо, ки поён мешавад
Хусрави бе дарди миллат то абад
Ҳастияш бо марг яксон мешавад
Сабр дорад меваи ширину наср
Дарди мардон боз дармон мешавад
Тӯҳмати нопок бар ту айб нест
Юсуфи покиза зиндон мешавад
Эй Худо бе ту ҳама пучему ҳеч
Бо ту бошем кор осон мешавад.
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст