Ману ту
Оқибат хок шавад ҳусну ҷамоли ману ту
Хубу бад мегузарад вой ба ҳоли ману ту
Қуръа имрӯз ба номи ману фардо дигарӣ
Мехӯрад тири аҷал бар пару боли ману ту
Моли дунё нашавад садди раҳи марги касе
Гирам ин кулли ҷаҳон гардад моли ману ту
Ҳар чӣ корем ҳамон аст ба ҳангоми дарав
Ҳеҷ кас банд набошад ба саволи ману ту
Чанд рӯз беш набошад доман олуда макун
Бандагӣ боз бимонад зи камоли ману ту
- بازدید: 1301