Мавлуди Каъба
Сармашқ баҳри ҷумлаи аҳли сухан Алист
Ҳусну ҷамолу зинати ҳар анҷуман Алист
Номе, ки зикри хайру шарифаш ибодат аст
Ширин шавад ба доди баёнаш даҳан Алист
Ман шаҳри илму ҳикматам гуфто набии пок
В-он мадхале, ки ҳаст ба ин шаҳри ман Алист
Онро, ки дӯст тарсаду душман зи кини худ
Пинҳон намуд фазилату ном аз даҳан Алист
Мавлуди Каъба ёри набӣ ҳуҷҷати Худо
Бар тан намуд ба хуни шаҳодат кафан Алист
Васфаш ба “Ҳал ато”-ву шаҳи “Ло фато” кам аст
Фарде зи Оли поки або панҷтан Алист
Хушнудии Худову расул дар вилояташ
З-ин рӯ ҳамеша сарвару мавлои ман Алист
Абдусалом
- بازدید: 1304