Сӯзи дил
Худоё, бар падару модари Ҳувайдои пар-пар сабру аҷр марҳамат намо ва золимонро ба сазои амалашон бирасон!
Пеши чашми модарат ҳар лаҳза гардӣ ҷилвагар
Дар фироқи ту бисӯзад ҷони ӯ шому саҳар
Ғунчаи боғи вуҷудам гашта пар-пар эй дареғ
Чашми золим кур гардиду ду гӯшаш гашта кар
Эй Ҳувайдо, духтарам кардӣ ҳувайдо зулму кин
Девро дар сурати инсону рафтӣ бехабар
Сабр бояд бар падар аз рафтани нокоми ту
Решаи золим бисӯзон, эй Худои додгар!
Абдусалом- 26/7/2018
- بازدید: 1313