Ту парварда зи раббулоламинӣ
Ба хилқат аз ҳама ту беҳтаринӣ
Агар шукронаи неъмат намоӣ
Ба олам аз ҳама боло нишинӣ
Ду чашми ту амонат аз Худованд
Ки роҳ аз чоҳу зулматро бибинӣ
На дидан саҳнаи фаҳшову мункар
Ту аз ҳайвон пасттарро гузинӣ
Куҷо лаззат бувад дар доми оташ
Худат аз кори зиштат ҳам ғаминӣ
Чу созӣ хешро маҳруму манфур
Ба дур аз дидаи мардум нишинӣ
Худо пайваста моро дар камин аст
Туро бинад агар ӯро набинӣ
Худатро дур кун аз доми шайтон
Ки Қуръон гуфт: Шайтон бад қаринӣ
Туро ризвону маъво бод олӣ
Биё боло агарчӣ дар заминӣ
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст