Шояд нашавӣ пир, ҷавонат бибаранд!
Гар пир шавӣ, чӣ ногаҳонат бибаранд!
Бар луқмаи нони кас макун даст дароз
Гар нохалафон луқмаи нонат бибаранд!
Бар сарвати худ манозу озурда макун
Қорун бошӣ қаъри ниҳонат бибаранд!
Бар як нафасе банд бувад будани ту
Шав бандаи Ҳақ, ки ҷовидонат бибаранд!
Дунё набувад макони мондан ҳаргиз
Ҳуш дор, ки рӯзе зи ҷаҳонат бибаранд!
Сухтан ба ҷаҳаннам набувад лоиқи ту
Имону амал намо ҷинонат бибаранд!
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст