Ганҷи бебаҳо
Эй сафои рӯзгорам, зинда бош!
Ҳадяи Парвардигорам, зинда бош!
Ҷони ман муҳтоҷи меҳри гарми ту,
Беҳтарини ҳар чӣ дорам, зинда бош!
Баҳри ту аз ҷон сароям бо ҳавас,
Чашмаи шеъру шиорам, зинда бош!
Меҳрубону бекаронӣ баҳри ман
Такягоҳи бурдборам, зинда бош!
Сад ҷафову ранҷ дидӣ баҳри ман
Ганҷи умру рӯзгорам, зинда бош!
Модари ҷонам, бибахш аз ман хато
Гавҳари шабзиндадорам, зинда бош!
Розӣ шав, эй модари нурониям
Бо ту ман умедворам, зинда бош!
Меҳри ту дар синаву қалбу забон
Доимо ман қарздорам, зинда бош!
Саидалӣ Саъдуллозод
- بازدید: 1355