Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам,
Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам.

Ку ҳаловати имон? То зи Қудс маҳрумам,
Аз маломати виҷдон дард мекунад динам.

Сангҳои хунолуд, сангҳои хунолуд,,.
Ҳар шаб аз канорони дил ситора мечинам.

Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ,
Лолаҳои захми ту – муҳри Оли Ёсинам.

Новгони Озодӣ то ба гил фуру биншаст,
Ошно нахоҳам буд, беш аз ин чу биншинам.(1)
Эй башар!
Тафовутро бас азим меёбам
З-он ки ту ҳамегӯйӣ то ман он ки мебинам.

Пойгоҳи меъроҷ,
эй хоки поки Озодӣ,
Обрӯ зи ту дорад осмони рангинам.

Дидаам ба руъёе аз миёни хоку хун
Даст мебарад Ҳуре(2) сӯйи қалби сангинам.

Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам…
_______________

1. Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез. – Ҳофиз.
2.Ҳур – фариштаи офтоб.
Рустами Ваҳҳоб
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст