Худоро шукр омад моҳи Рӯза
Шавам имсол ман ҳамроҳи Рӯза
Дари раҳмат ба рӯи ман кушода
Манам инак шафоатхоҳи Рӯза
Барад моро ба сӯи боғи ризвон
Зи боби хосси Райён роҳи Рӯза
Бувад Қуръонро вақти баҳорон
Бидеҳ тавфиқ хонам шоҳи Рӯза
Саодатро намоӣ ҳадяи мо
Ба сӯзи қалбу ҷисми оҳи Рӯза
Дуоям кун қабули даргаҳи худ
Бузурго, аз карам бо ҷоҳи Рӯза
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст