Моҳ меҳмон мешавад
Муждаи ҳақ мӯъминон, ин моҳ меҳмон мешавад
Боз мавсими баҳорӣ баҳри Қуръон мешавад
Моҳи раҳмат, мағфират озодӣ аз нори ҷаҳим
Шустушӯи аҳл имон ҳамчу борон мешавад
Он шабе Қуръон фуруд ояд дар ин моҳ азиз
Қадри он шаб беш аз моҳи ҳазорон мешавад
Мешавад ин нафсу шаҳват дар асирӣ, эй амир
Рӯҳи ту тобанда чун хуршеди тобон мешавад
Ваъдаи Парвардгор подоши кори рӯзадор
Вориди боғу биҳишт аз боби райён мешавад
Хоб мегардад ибодат ҳар нафс тасбеҳи ҳақ
Ҷамъи кор хайрро бингар чӣ осон мешавад
Мекушояд Ҳақ Таоло боби ҷаннат лаҳзаи
Бастани дарҳои нору дасти шайтон мешавад
Бо ибодат, бо итоат дӯрӣ аз ҷурму гуноҳ
Зиндагӣ бо бандагии Ҳақ гулистон мешавад
Бо навои Раббано аз субҳ мебандӣ даҳон
Шодиҳо гардад фаровон рӯз поён мешавад
Рӯзадориву тиловат аз китоби зиндагӣ
Қалбро оромиш орад дида гирён мешавад
Донаи хурмо агар ифтор додӣ, эй азиз!
Чун сипар баҳрат ба рӯзи оҳу афғон мешавад
Гар туро нокомӣ ояд чанд рӯзи зиндагӣ
Шомро субҳе ба роҳ асту дурахшон мешавад
Абдусалом
- بازدید: 1283