Сӯзи дил
Накардӣ раҳм бар ҳоли дили ман
Накардӣ заррае ҳал мушкили ман
Умедам буд меҳри ту бибинам
Чӣ суд ашкат бирезӣ бар гили ман
***
Чӣ қадр бемеҳрӣ кардӣ бурдӣ сабрам
Нагаштӣ бар замини хушк абрам
Ту, ки дар зиндагӣ қадрам надонӣ
Чӣ суд аз ашкҳои рӯи қабрам
Абдусалом
- بازدید: 1187