Дардманд
Канори суфраи холӣ
Як дунё орзу чидам
Дар ин дунёи пурғавғо
Басе номардумон дидам
Бидонанд он касоне ки
Бароям мекашанд нақша
Худо ҳаргиз касонеро
Ки ҳақ хӯрданд намебахша
Касоне, ки ба ҳар роҳе
Зи рӯзии ту мегиранд
Гумонам ёдашон рафта
Ҳама як рӯз мемиранд
Ҷаҳон донӣ, чӣ кӯчак ҳаст
Ҳама даргири ин дардем
Ҳама як рӯз мефаҳманд
Ки дар дунё чиҳо кардем
Бувад хашми ту эй ҷонам
Муқаддас баҳри ҳақхоҳӣ
Худо бинад ҳама одам
Кушояд баҳри ту роҳӣ
- بازدید: 1348