Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем
Ҷуз ёди Худо ҳеҷ дигар кор надорем

Дарвеши фақирему дар ин гӯшаи дунё
Бо неку бади халқи ҷаҳон кор надорем

Гар ёри вафодор надорем аҷаб нест
Мо ёр ба ҷуз ҳазрати Ҷаббор надорем

Бо ҷомаи садпораву бо хирқаи пашмин
Бар хок нишинему аз он ор надорем

Мо шохи дарахтему пур аз меваи тавҳид
Ҳар раҳгузаре санг занад бок надорем

Мо софдилонему зи кас кина надорем
Гар шаҳр пур аз фитнаву мо бо ҳама ёрем

Мо масти сабӯҳему зи майхонаи тавҳид
Ҳоҷат ба маю бодаву хуммор надорем

Бингар ба дили хастаи Шамсулҳақи Табрез
Мо ҷуз ҳаваси дидани дилдор надорем
Мавлоно
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст