Биё аз мулки ғарибӣ гаштаам баҳри ту пазмон
Рӯи чун моҳи ту шомам равшанӣ бахшад, падарҷон!
Чанд солест хона холист модарам ҳар лаҳза гӯяд
Падари ту дар чӣ ҳолест, хотираш бошад парешон
Таънаи номардҳоро мо тамоми дардҳоро
Бо умеди ту падарҷон мекунем бо ашк дармон
Ҳақ бувад пушту паноҳат ошиқам ман як нигоҳат
Дасти нарму хайрхоҳат, гуфтани боре писарҷон
Модарам гуфт: Рафтаӣ кор, ғуссаҳоям ҳаст бисёр
Фикри ту дар хобу бедор, чашми ман пайваста гирён
Медиҳам ин дам паёмат, бошӣ ҳар ҷое саломат
Бишнавам боре каломат, шукр мегӯям фаровон
Модарам ашкат набинам, такягоҳи нозанинам
Ҳамраҳи ту менишинам, боз ояд субҳгоҳон
Сӯзад аз ғам ҷисму ҷонам бо ғамат ҳар луқма нонам
Мехӯрам қадрат бидонам, боз ой пешам падарҷон!
Эй Худо, бинмой тадбир, модари ман мешавад пир, 
То бубинем рӯи ӯ сер, раҳматат бар мо биборон!
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст