Эй азизон, ба шумо ҳадяи Маннон омад
Иди фархундаи нуронии “Қурбон” омад
Ҳоҷиён саъйи шумо шуд ба ҳақиқат мақбул
Раҳмати восеъаи ҳазрати Субҳон омад
Иди “Қурбон” ба ҳақиқат зи Худованди Карим
Офтобе ба шаби зулмати инсон омад
Баҳри дилҳои биёбонӣ зи сабзиву нишот
Фасли рӯидани гулҳову баҳорон омад
Амр шуд, то ки ба қурбонии Исмоилаш
Он Халиле, ки пазируфта зи Раҳмон омад
Имтиҳон дод ба хубӣ ба Худо Иброҳим
Ҷои қурбонии фарзанд чӣ қурбон омад
Бо дуо зор бихонем, Худоё бирасон
Мунҷии хеш, ки ин нолаву афғон омад
Ид омад
- بازدید: 1662