Дили ман ташнаи ишқат биёву дӯстдорӣ кун

Шукуфад то гули рӯям диламро ғамгусорӣ кун

Ҳаме гӯянд мардонро сухан якто, Худо яктост

Агар марди сухан бошӣ ба қавлат пойдорӣ кун

Булури дидаҳои ту бувад оинаи равшан

Дар он то чеҳраам бинам даме оинадорӣ кун

Надорам симу зар аммо дили оташниҳодам ҳаст

Ту эй дарё ниҳоди ман ба оташ созгорӣ кун

Шиносо кун маро бо ман, ки то худро ба даст орам

Диламро боғи сарсабзе зи борони баҳорӣ кун

Зуфияи Атоии Ғончӣ Аз соқа то садр, саҳ. 638-639

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст