Лабташна буд, ташнаи як ҷуръа об буд
Марде, ки дардҳои дилаш беҳисоб буд
По мекашид гӯшаи ҳуҷра ба рӯи хок
Парвонавор ғарқи табу илтиҳоб буд
Азбаски шӯълавар шуда буд оташи дилаш
Ҳатто нафас-нафас заданаш ҳам азоб буд
Дар издиҳоми ҳелҳелаҳои канизакон
Фарёди истиғосаи ӯ беҷавоб буд
Як ҷуръа об назри имомаш касе накард
Рафъи аташ агарчӣ камоли савоб буд
Охир ба сони ҷадди ғарибаш шаҳид шуд
Оре дуои хастадилон мустаҷоб буд
Ғурбат барои Оли Алӣ тозагӣ надошт
Дар он диёр куштани мазлум боб буд
То соябони пайкари нуронияш шаванд
Боли кабутарони ҳарамро шитоб буд
Аммо фидои бекафани дашти Карбало
Ололае, ки захми танаш беҳисоб буд
Ҳам теғу найза хуни танашро макида буд
Ҳам доғдидаи шарари офтоб буд
Юсуф Раҳимӣ
Лабташна
- بازدید: 1510