Эй моҳи шабафрӯзам, дар ҳиҷри ту месӯзам,
Ёди ту шабу рӯзам, эй ҳамдаму ёри ман
Дур аз ҳама ағёрам, ишқи ту нигаҳдорам
Шукронаи бисёрам, бар лаб шуда кори ман
Аз меҳри ту мебӯям, чун номи туро гӯям,
Дидори ту меҷӯям, бошӣ ба канори ман
Хушбахтии ту хоҳам, аз ҳоли ту огоҳам
Бо оҳи ту ҳамроҳам, донӣ дили зори ман
Пажмурда машав эй гул, васфи ту кунад булбул
Садбарги тару сунбул, эй боғу баҳори ман
Дорам ба Худо умед, боз омадани хуршед
Бахти ману ту хандид, эй авҷи барори ман.
Абдусалом