Ба ёдат шаб ҳама бедорам ин ҷо
Зи ҳиҷри рӯи ту беморам ин ҷо
Ду чашмам интизори дидани ту
Гирифтори қафас беёрам ин ҷо
Маро сармояи ишқи ту кофист
Агарчӣ тоҷири бозорам ин ҷо
Ғарибу дар ба дар ранҷур, аммо
Ба ишқат зиндаам эй ёрам ин ҷо
Аз ин зулму ситамҳое, ки дидам
Басе дар ҳасрати дидорам ин ҷо
Ба поси покдомониву ишқат
Ба лаб шукронаи бисёрам ин ҷо
Гулам гар барги ту пажмурда бошам
Бибахшо то кушояд корам ин ҷо
Биёям дар барат хушбахт гардем
Ҳама дам лаҳзаҳо бишморам ин ҷо
Худоё, худ давои дарди мо кун
Магар ғайр аз туро ман дорам ин ҷо
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст