Аз ин ҷаҳони бебақо, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
Аз байни хешу ақрабо, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
Суде надорад симу зар, аз роҳи шайтон кун ҳазар,
Шаҳзода бошӣ ҳам агар, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
Мағрур мабош аз давлатат, нобуд гардад савлатат,
Рӯзе, ки ояд навбатат, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
Ҳаргиз набошӣ кинагир, дасти ятимонро бигир,
Барнодилӣ ё ин ки пир, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
Дунёст чун дарё равон, монанди он дарёдилон,
Аз ин замин аз ин макон, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
Хайру саховат пеша кун, аз роҳи бад андеша кун,
Пеши Худованд реша кун, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
Ин панди Мавлоно шунав, аз пушти ризқ ҳаргиз мадав,
Бар гуфтаи ҳақ роҳ рав, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
Хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ
- بازدید: 1967