Бандагӣ кун, то ки султонат кунанд
Тан раҳо кун то ҳама ҷонат кунанд

Ҳамчу Салмон дар мусулмони бикӯш
Эй мусулмон, то ки Салмонат кунанд

Хӯи ҳайвонӣ сазовори ту нест
Тарки ин хӯ кун, ки инсонат кунанд

Чу надорӣ дард дармон ҳам махоҳ
Дард пайдо кун, ки дармонат кунанд

Бандаи шайтониву дорӣ умед
Ки ситоиш ҳамчу Яздонат кунанд.

Ҳамчу хок афтодагӣ кун пеш аз он
Ки ба зери хок пинҳонат кунанд
 Мавлавӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст