Аз Худо хоҳам, ки бошӣ дар барам.
Меҳрубону такягоҳам модарам
Лаҳзае ором гирад қалби ман
Чун гузорам рӯи пои ту сарам
Дасти ту бар аршу ҷаннат зери по
Пеши қадрат сар фуруд меоварам
Бо дуоят ҳаст сарсабзии ман
В-арна дар ҳастӣ ниҳоли бебарам
Ранҷҳову ғуссаҳоят доимо
Пеши чашмам ҳаст онро бингарам
Гарчӣ кӯтоҳӣ намоям борҳо
Меҳри ту эй гавҳарам болу парам
Ҳадя кардӣ аз вуҷуди худ ба ман
Ҷони худро ҳадяат меоварам
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст