Хуршеди ҳар ду олам, ё Мустафо, Муҳаммад!
Афзал ба насли Одам, ё Мустафо, Муҳаммад!
Лоиқи васлу дидор, рӯзи ҳисоб як бор,
Раҳме намо ба ҳолам, ё Мустафо, Муҳаммад!
Хоки раҳат ба дида аз хирмани ту чида
Чун тутиё бимолам, ё Мустафо, Муҳаммад!
Фармуд Худои аъло: Зикри ту ҳаст боло
Эй ёри бемисолам, ё Мустафо, Муҳаммад!
Ман ошиқи каломат, гӯям басе саломат,
Ҳар лаҳза рӯзу солам, ё Мустафо, Муҳаммад!
Шофеи ҷумла уммат, дар сахтии қиёмат,
Умеди безаволам, ё Мустафо, Муҳаммад!
Чун фарди пургуноҳам, бингар ту ашку оҳам
Дармон намо ду болам, ё Мустафо, Муҳаммад