Як ёри вафодор надорам, ки надорам.

Як ҳамдами ғамхор надорам, ки надорам.

Осон нашавад мушкили ман бо ҳама ҷаҳдам,

Дилсӯзи мададгор надорам, ки надорам.

Дардам шуда дар авҷ, вале чора надонам,

Синои шифокор надорам, ки надорам.

Ман зори нигоҳи назари дӯст, валекин,

Як шахси ба худ зор надорам, ки надорам.

Ман дар раҳи пирӯзии ҳақ ҷон бисупорам,

Ҳамроҳу тарафдор надорам, ки надорам.

Якрангии қисмат набувад ҷовиду сармад,

З-ин рӯ ба қазо кор надорам, ки надорам.

Бо ин ҳама бечорагӣ навмедӣ замоне,

Дар синаи ғамбор надорам, ки надорам.

Синои Абӯалӣ

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст