Расид мужда, ки сар зад ҳилоли моҳи сиём
Маҳи дуову ниёиш маҳи дуруду салом
 
Диҳед мужда тамоми гуноҳкоронро
Ки ҳукми афв шуда аз сӯи Худо эълом
 
Маҳи намозу маҳи рӯза моҳи истиғфор
Маҳе, ки пур бувад аз лутфи хоссу раҳмати ом
 
Мабод моҳи Худо бар ту бигузарад, эй дӯст
Ки баҳри худ надиҳӣ кори мусбате анҷом 

Шақист он ки Худовандгори Ҳайи Ғафур
Варо набахшаду гардад маҳи сиём тамом

Чӣ субҳҳо, ки нафасҳо дар он бувад тасбеҳ
Чӣ лаҳзаҳо, ки бувад хоби он рукӯъу қиём

Ба ҳуш бош, ки тақво накӯтарин амал аст
Каломи хатми русул бошад ин хуҷаста паём
 
Хушо касе, ки зи афтодагон бигирад даст
Хушо касе, ки ба кори Худо кунад иқдом
 
Ҳалол бод висоли Худо бар он банда
Ки бигзарад зи хатову ҳазар кунад зи ҳаром

Бикӯш баҳри намозу дуо чӣ рӯзу чӣ шаб 
Бихон китоби Худовандро ба субҳу ба шом

Аз он шароб, ки соқии он Худованд аст
Бигир дар аташи рӯзаву бирез ба ком
 
Ба ёди ташнагии рӯзи ҳашр ашк бирез
Барои ташналаби Карбало бисӯз мудом
 
Ба ёди ҳанҷари хушкидаи имом Ҳусайн
Бинӯш обу бигӯ бо сиришки дида салом
  
Агар тиловати Қуръон дилат рабуд аз даст
Ба Қадру Кавсару Ёсину Зухруфу Анъом
Майсам

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст