Шунидам, ки ноболиғе рӯза дошт
Ба сад меҳнат овард рӯзе ба чошт...
Падар дида бӯсиду модар сараш
Фишонданд бодому зар бар сараш
Чу бар вай гузар кард як нимарӯз
Фитод андар ӯ з-оташи меъдасӯз
Ба дил гуфт: Агар луқма чанде хӯрам
Чӣ донад падар ғайб ё модарам
Чу рӯи писар дар падарам буду қавм
Ниҳон хӯрду пайдо ба сар бурд савм,
Кӣ донад чу дар банди Ҳақ нестӣ
Агар бевузӯ дар намоз истӣ
Бӯстони Саъдӣ, саҳ. 273
Рӯза ва ихлос
- بازدید: 1549