Рамазон омаду оҳиста садо кард маро
Мустаидди сафари шаҳри Худо кард маро
Аз гулистони карам турфа насиме бивазид
Ки саропой пур аз атру сафо кард маро
Нозам он дӯст, ки бо лутфи сулаймонии хеш
Пилла аз силсилаи деви дуо кард маро
Файзи рӯҳулқудусам кард раҳо аз зулумот
Ҳамраҳӣ то ба лаби оби бақо кард маро
Дар шигифтам зи каромоту хатопӯшии ӯ
Ман хато кардаму ӯ меҳру вафо кард маро
Даст аз домани ин пайки муборак накашам
Ки ба меҳмонии он дӯст нидо кард маро
З-ин дуоҳост, ки бо ин ҳама бебаргиву заъф
Дар гулистони адаб нағмасаро кард маро
Ҳар сари мӯям агар шукр кунад то ба абад
Кам бувад з-ин ҳама файзе, ки ато кард маро
Садо кард маро
- بازدید: 1453