Моҳи Қуръон, моҳи имон, моҳи Раҳмон омада,

Файзу эҳсоне дар оғуш пушти остон омада.

Бандаҳои поки Холиқ, шукри неъматҳо кунед,

Чунки ин дам аз Худованд рӯза фармон омада.

Молу сарват доштагон, ёде зи мискинон кунед

Чунки моҳи покиҳову хайру эҳсон омада.  

Он касоне, ки ба тоат бандагӣ оранд ба ҷо,

Як дилу як ҷон шавед, ки рашки шайтон омада.

Бас туро озодӣ, эй нафс, айшу ишрат ин замон

Аз Худованд бар хилофат амри зиндон омада.

Модарону хоҳарону акаҳову додарон,

Нафси худро боз доред, хона меҳмон омада.

Хору хасро решакан созед даруни синаҳо,

Чунки моҳи рузадорӣ баҳри инсон омада.

Эй ки аз нафс мубталои дарду мотам гаштаӣ,

Шодӣ кун, ки бар дари ту моҳи дармон омада.

Нафси худро муҳр зан, эй Меҳровар, як даме

Чунки шоҳи моҳу рӯзҳо, моҳи Султон омада

Меҳровар

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст