Муждаи Ҳақ мӯъминон, ин моҳ меҳмон мешавад
Боз мавсими баҳорӣ баҳри Қуръон мешавад
Моҳи раҳмат, мағфират озодӣ аз нори ҷаҳим
Шустушӯи аҳли имон ҳамчу борон мешавад
Мешавад ин нафсу шаҳват дар асирӣ, эй амир
Рӯҳи ту тобанда чун хуршеди тобон мешавад
Ваъдаи Парвардигор подоши кори рӯзадор
Вориди боғу биҳишт аз боби Райён мешавад
Хоб мегардад ибодат ҳар нафас тасбеҳи ҳақ
Ҷамъи кори хайрро бингар чӣ осон мешавад
Мекушояд Ҳақ Таоло боби ҷаннат фурсати
Бастани дарҳои нору дасти шайтон мешавад
Бо ибодат, бо итоат дурӣ аз ҷурму гуноҳ
Зиндагӣ бо бандагии ҳақ гулистон мешавад
Бо навои Раббано аз субҳ мебандӣ даҳон
Шодӣ аз ҳад мешавад чун рӯз поён мешавад
Рӯзадориву тиловат аз китоби зиндагӣ
Қалбро оромиш орад дида гирён мешавад
Донаи хурмо агар ифтор додӣ, эй азиз!
Чун сипар баҳрат ба рӯзи оҳу афғон мешавад
Гар туро нокомӣ ояд чанд рӯзи зиндагӣ
Шомро субҳе ба роҳ асту дурахшон мешавад
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст