ماه یزدان
Даромад бори дигар моҳи Яздон,
Ба фарру шавкату файзи фаровон.
Сабоҳи макрамат гардид толеъ,
Мунаввар шуд ҷаҳон аз талъати он.
Баҳори тавбаву омурзиш омад,
Маҳи имону иди ҳақпарастон.
Насими мағфират ҳар сӯ вазон аст,
Саҳоби марҳамат бошад хурӯшон.
Маҳи рӯзасту ҳангоми ибодат,
Хушо ҳоли накӯи рӯзадорон.
Даро дар мактаби “Суму тасиҳҳу”,
Ки дар он мешавад амроз дармон.
Ҳало бар худ бинозеду биболед,
Ки Эзадро дар ин моҳед меҳмон.
Ало эй маъсияткори гирифтор!
Ки аз кирдори худ ҳастӣ пушаймон.
Чаро бегонаӣ аз даргаҳи дӯст,
Чаро ҳоли ту зор асту парешон.
Бинеҳ торикии ҷаҳлу залолат,
Биё дар партави анвори Қуръон.
Мапӯй з-ин пас раҳи шарру шақоват,
Биё андар тариқи хайру эҳсон.
Машав навмед аз авфи Худованд,
В-агар ҳастӣ ғариқи баҳри исён.
Лутфуллоҳи Софӣ.